ТАЪРИХИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ - Китобхонаи электронии ДТТ ба номи акaд. М.С.Осими.
 
   
 

 
Астрономия
Автоматика. Вычислительная техника
Биология
Биотехнология
Военное дело
Государство и право. Юридические науки
Демография
Культура. Культурология
Кибернетика
Математика
Машиностроение
Металлургия
Метрология
Политика. Политические науки
Психология
Пищевая промышленность
Радиотехника
Связь
Социология
Стандартизация
Строительство. Архитектура
Философия
Физика
История. Исторические науки
Информатика
Геология
География
Экономика. Экономические науки
Энергетика
Электротехника
Ядерная техника
Химическая технология. Химическая промышленность
Легкая промышленность
Транспорт
Информационные технологии
 
 
--
 
--

ТАЪРИХИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН
БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ

    Бо Қарори кабинети Совети Вазирони СССР аз 6 январи соли 1956, №14, 1 сентябри соли 1956 дар маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи политехникӣ кушода шуд (аз соли 1961-Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, соли 1992-Донишкадаи техникии Тоҷикистон ва соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ), ки вазифаи асосиаш тайёр кардани муҳандисон барои корхонаҳои мошинсозӣ, истеҳсолӣ-саноатӣ, соҳаи энергетика, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва ғайра мебошад.

    Дар соли аввали кушодашавии Институти техникии ҷумҳурӣ фақат 3 факултет: энергетикӣ, сохтмон ва технологӣ ташкил шуда, 8 ихтисосро дар бар мегирифт, ки фақат 200 донишҷӯй қабул карда шуда буд.

   Соли 1961 аввалин хатмкунандагон, иборат аз 132 нафар, бо ихтисоси муҳандисони энергетикӣ, сохтмон ва нақлиётии Институти техникии Тоҷикистон, лоиҳаи дипломиро ҳимоя карданд ва 48 нафар муҳандиси технологиро баъди таҳсили 3-сола дар донишгоҳ, ба Институти бофандагии Тошканд барои давом додани омӯзишу таълим, равон карданд.

   Соли  1956 ба ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда, дар донишгоҳ таълими шабона ва соли 1960 таълими ғоибона, соли 1962 шӯъбаи меморӣ кушода шуд.

  То охири солҳои таълимии 1962-1963 дар Институти техникии Тоҷикистон зиёда аз 2000 донишҷӯён таълим гирифтанд, аз он ҷумла дар таълими рӯзона 1200 нафар.

   Соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд якумин филиал кушода шуд, ки соли 2010 ҳамчун донишкадаи политехникии мустақил дар ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон табдил дода шуд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Институт ба Университети техникии Точикистон табдил дода шуд ва соли 1997 ба номи ректори аввалини донишгоҳ – академик М.С. Осимӣ гузошта шуд. Соли 1996 дар ҳайати донишгоҳ факултети соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент, соли 2005 факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ташкил карда шуд.

    Дар ДТТ фаъолияти ҷамъиятӣ дар 33 ҷиҳат, аз он ҷумла бо 60 ихтисос иҷро шуд. Дар донишгоҳ аз ҳамаи шаклҳои таълим, зиёда аз 10000 донишҷӯён, аз он ҷумла дар таълими рӯзона 8000 донишҷӯн дониш меомӯзанд.

   ДТТ хеле ҳам сохти тараққикарда дорад: дар ҳайати 10 факултет, донишкадаи политехникии Хуҷанд, коллеҷи техникии ш. Душанбе, маркази дистансионии таълимӣ, такмили ихтисос (тахассус), факултети тайёрии ибтидоӣ ва литсейи техникӣ, донишҷӯён мавҷуд аст.

    Дар 49 соҳаи алоҳидаи илмии донишгоҳ 533 муаллимон, аз он ҷумла докторони илм, дотсентон кор ва фаъолият доранд.

    Ифтихори асосии донишгоҳ, ин донишҷӯёни хатмкарда мебошанд. Дар 55 соли таърихаш, донишгоҳ зиёда аз 45 ҳазор мутахассис тайёр кард, ки онҳо дар вазифаҳои олӣ: ҳукумат, вазорат, идораҳо, муассисаҳои саноатӣ, сохтмонии ҷумҳурӣ ва берун аз он кор ва фаъолият мекунанд.

   Роҳи фаъолият ва ҳунарии Донишгоҳ дар замони ҳозира ин баланд бардоштани хизматрасонии таълимӣ, дар асоси сатҳи баландтарини таълиму тарбия, пурсамартар ва фоиданоктар боло бардоштани тадқиқоти илмӣ мебошад.

 
 
Сурога
734042, ш.Душанбе,
хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10,
Тел.: (992 37) 221-35-11,
Факс: (992 37) 221-71-35,
E-mail: info@e-lib.tj
 
Формаи вуруд